Такзиби имзои қарибулвуқӯи тавофуқи амниятии давлати муваққати Сурия бо режими Исроил
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121680-Такзиби_имзои_қарибулвуқӯи_тавофуқи_амниятии_давлати_муваққати_Сурия_бо_режими_Исроил
Порс Тудей - Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Сурия рӯзи шанбе ахбори мунташиршуда мабнӣ бар имзои қарибулвуқӯи тавофуқи амниятӣ байни Димишқ бо режими саҳюнистиро такзиб кард.
(last modified 2025-08-23T15:27:37+00:00 )
Август 23, 2025 20:10 Asia/Dushanbe
  • Такзиби имзои қарибулвуқӯи тавофуқи амниятии давлати муваққати Сурия бо режими Исроил

Порс Тудей - Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Сурия рӯзи шанбе ахбори мунташиршуда мабнӣ бар имзои қарибулвуқӯи тавофуқи амниятӣ байни Димишқ бо режими саҳюнистиро такзиб кард.

Дафтари ҳамоҳангӣ ва иртибототи идораи кулли иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Сурия дар посух ба саволи шабакаи телевизионии «Сурия» мабнӣ бар имзои қарибулвуқӯи тавофуқи амниятӣ байни Димишқ бо режими саҳюнистӣ дар 25-уми сентябри оянда дар Созмони Милал, эълом кард: матолиби мунташира дар ин бора, сиҳҳат надорад. Пештар, бархе расонаҳои арабӣ ба нақл аз манобеи баландпояи сурӣ гузориш дода буданд, ки «тарафҳо қасд доранд тавофуқи амниятӣ бо миёнҷигарии Иёлоти муттаҳида имзо кунанд ва қарор аст пеш аз ин тавофуқ, Аҳмад аш-Шаръ, раисиҷумҳури давлати муваққати Сурия, дар рӯзи 24-уми сентябри оянда дар Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кунад». Дар ҳамин росто, Қутайба Идлибӣ, мудири идораи умури Амрико дар Вазорати хориҷаи Сурия, ҳар гуна дидор миёни Аҳмад аш-Шаръ ва Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро дар моҳи ояндаи мелодӣ ба таври комил рад кард. Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Сурия (САНА) рӯзи сешанбе аз дидори вазири хориҷаи давлати муваққати ин кишвар бо ҳайате аз режими саҳюнистӣ дар Париж хабар дода буд.