“Едиот Аҳронот”: Исроил дар арзёбӣ аз яманиҳо дучори хатои бузурге шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122116-Едиот_Аҳронот_Исроил_дар_арзёбӣ_аз_яманиҳо_дучори_хатои_бузурге_шуд
Порс-Тудей. Як рӯзномаи саҳюнистӣ эътироф кард, ки тамасхури яманиҳо ва нигоҳи килишаӣ ва таҳқиромез ба онҳо пеш аз ҷанг, як иштибоҳи бузург буд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 26, 2025 17:44 Asia/Dushanbe
  • “Едиот Аҳронот”: Исроил дар арзёбӣ аз яманиҳо дучори хатои бузурге шуд
    “Едиот Аҳронот”: Исроил дар арзёбӣ аз яманиҳо дучори хатои бузурге шуд

Порс-Тудей. Як рӯзномаи саҳюнистӣ эътироф кард, ки тамасхури яманиҳо ва нигоҳи килишаӣ ва таҳқиромез ба онҳо пеш аз ҷанг, як иштибоҳи бузург буд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳронот” дар ҷадидтарин шумораи худ навишт: Исроил дар ҳамалот ба Яман то кунун ба аҳдофи худ нарасида ва ҳарчӣ муҳосираи Яман тангтар мешавад, тавлиди дохилии мустақилу мустаҳками ин кишвар тақвият мешавад.

Ин ифшогарӣ соъоте пас аз ҳамлаи мушакии пешрафтаи яманиҳо ба сарзаминҳои ишғолӣ сурат мегирад.

Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе, ки панҷшанбешаб қироат кард, гуфт, ки ин амалиёт чандин ҳадафи ҳассос дар минтақаи Ёфои ишғолӣ (Тел-Авив)-ро мавриди исобат қарор додааст. Вай таъкид кард, ки ин амалиёт бомуваффақият анҷом ва муҷиб шуд миллионҳо саҳюнист ба паноҳгоҳҳо фирор кунанд ва фаъолиятҳо дар фурудгоҳи Бен-Гурион мутаваққиф шавад.

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин аз дафъи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Яман хабар дод.