Режими Исроил ба дунболи пиёдасозии мадели Лубнон дар Ғазза
-
Режими Исроил ба дунболи пиёдасозии мадели Лубнон дар Ғазза
Порс Тудей- Як рӯзномаи саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар гузорише эълом кард, ки режими Исроил ба дунболи пиёдасозии «мадели Лубнон» дар Борикаи Ғазза аст
Ба гузориши Порс Тудей, рӯзномаи саҳюнистӣ Yedioth Ahronoth дар гузориши эълом кард: Артиши ин режим дар миёни фишорҳо барои иҷрои марҳилаи дувууми тавофуқи оташбас, ки шомили истиқрори нерӯи байналмилалӣ аст, ба дунболи тағири вазъият дар майдони пиёдасозии мадели Лубнон аст, чаро, ки истиқрори нерӯҳои байналмилалӣ ҳаргуна вокуниши низомии онро ба иқдомоти Ҳамос маҳдуд хоҳад кард.
Тибқи ин гузориш, артиши режими саҳюнистӣ ҳоло кӯшиш мекунад, ки пеш аз истиқрори нерӯҳои байналмилалӣ дар Ғазза воқеияти наверо дар замин таҳмил кунад, то озодии амали бештари дошта бошад.
Yedioth Aharonot дар ин робита менависад: Фишори Амрико барои иҷрои марҳилаи дуюми созишномаи оташбас афзоиш ёфтааст, аммо Исроил ба ин раванд муқовимат мекунад ва иддао мекунад, ки Ҳамос ҷасади се асири ҷангиро барнагардонидааст.
Ин дар ҳолест, ки баръакс, Ҳамос то ҳол 20 маҳбуси зиндаи исроилиро раҳо карда, ҷасади 27 гаравгони дигарро ба онҳо супурдааст.
Тибқи гузориш, марҳилаи дуюми созишномаи оташбас чораҳоеро барои сабук кардани шароит дар Ғазза, аз ҷумла кушодани гузаргоҳи Рафаҳ, васеъ кардани кумаки башардӯстона, иҷозат додани ҳаракат ба дохил ва хориҷ аз ин минтақа ва дар ниҳоят, пас аз таъсиси як ниҳоде, ки қодир ба идоракунии ин қаламрав аст, ба хатти нав ақибнишинӣ карданро талаб мекунад.
Едиот Аҳронот минбаъд таъкид кард, ки режими Исроил сиёсати "вокуниши қавӣ"-ро ба ҳар гуна амал дар Ғазза барои пешгирӣ аз барқарорсозии қобилиятҳои фаластиниён пеш мебарад.
Ин дар вазъияте аст, ки аз замони созишномаи оташбас дар моҳи октябри соли 2025 артиши Исроил онро вайрон карда, садҳо фаластиниро кушта ва ҳазорҳо нафари дигарро захмӣ кардааст.
Дар айни замон, дар сатҳи байналмилалӣ, режими саҳюнистӣ бо парвандаи наслкушӣ дар Додгоҳи Байналмилалии Адлия рӯбарӯ аст ва барои сарвазир Бенямин Нетаняҳу ва вазири собиқи ҷанг Йоав Галлант бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ордерҳои боздошт содир шудаанд.