Таҳлилгари яманаӣ: Бозгушот Тангаи Ҳурмуз бо зур ғайримумкин аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124624-Таҳлилгари_яманаӣ_Бозгушот_Тангаи_Ҳурмуз_бо_зур_ғайримумкин_аст
Порс Тудей- нависанда ва таҳлилгари яманӣ гуфт: Душман наметавонад Тангаи Ҳурмузро бо зур боз кунад.
(last modified 2026-04-04T04:03:27+00:00 )
Апрел 04, 2026 09:01 Asia/Dushanbe
  • Аднон Абдуллоҳ Ал-Ҷанид нависанда ва таҳлилгари яманӣ
    Аднон Абдуллоҳ Ал-Ҷанид нависанда ва таҳлилгари яманӣ

Порс Тудей- нависанда ва таҳлилгари яманӣ гуфт: Душман наметавонад Тангаи Ҳурмузро бо зур боз кунад.

Ба гузориши Порс Тудей, Аднон Абдуллоҳ Ал-Ҷанид нависанда ва таҳлилгари яманӣ дар гуфтугу бо ИРНА баён кард: Ончи душман то кунун бо он ру ба ру шуд бахши кучаки аз тавоноиҳои меҳвари муқовимат аст ва ҳануз имконот ва баргҳои барандаи беназир вориди майдон нашуда аст.

Вай таъкид кард: Душман, ки дар озодсозии асирони худ дар Ғазза шикаст хурд ва Бобулмандам ва Дарёи Сурх фирор кард натанҳ наметавонад Тангаи Ҳурмузро аз тариқи низоми ва зур боз кунад балки аз назари низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Халиҷи Форс ғарқ хоҳад шуд.

Ал-Ҷанид таъкид кард: Набарди имруз гузаргоҳи дарёӣ нест балки набарди ирода аст ва имруз ҳамаи чиз дар гарави иродаи меҳвари муқовимат аст.

Вай гуфт: Талош барои ҳамла ба Тангаи Ҳурмуз чизи ғайр аз як қумори куркурона нест Фиръавни замон воқеъиятро мушоҳида мекунад аммо намехоҳад аз ҳаводиси гузашта дарс бигирад.