Ташдиди таҳримҳои Аврупо алайҳи шаҳракнишинони саҳюнист
-
Шаҳракнишинони саҳюнист
Порс Тудей — Иттиҳодияи Аврупо пас аз моҳҳо ихтилофоти дохилӣ, шуморе аз созмонҳои аслии ҳомии шаҳраксозии ифротӣ ва хушунатомези режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ ва раҳбарони онҳоро таҳрим кард.
Ба гузориши Порс Тудей, Jean-Noël Barrot, раиси дастгоҳи дипломатияи Фаронса имрӯз (душанбе) дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии X эълом кард: «Анҷом шуд! Иттиҳодияи Аврупо имрӯз созмонҳои аслии исроилиро, ки дар ҳимоят аз шаҳраксозии ифротӣ ва хушунатомез дар Каронаи бохтарӣ нақш доранд, ҳамроҳ бо раҳбарони онҳо таҳрим мекунад».
Вай афзуд: «Ин иқдомоти бисёр ҷиддӣ ва ғайриқобили таҳаммул бояд бедиранг мутаваққиф шавад».
Ҷузъиёти таҳримҳо ҳанӯз мунташир нашуда, аммо тасмими имрӯз аз он ҷиҳат ҳоизи аҳамият аст, ки Иттиҳодияи Аврупо тайи моҳҳои гузашта ба далели ихтилоф миёни кишварҳои узв, дар иттихози мавзеи воҳид алайҳи хушунати шаҳракнишинони саҳюнист дар Каронаи бохтарӣ бо бунбаст рӯбарӯ буд. Бархе кишварҳои аврупоӣ хостори бархӯрди сахттар бо шаҳраксозиҳо ва ҳамлаҳои шаҳракнишинон алайҳи фаластиниҳо буданд, аммо набуди иҷмоъ дар сатҳи иттиҳодия, раванди тасвиби таҳримҳоро кунд карда буд.
Kaja Kallas, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо пеш аз нишасти имрӯзи Шӯрои вазирони хориҷаи ин иттиҳодия дар Брюссел гуфта буд, ки интизор дорад кишварҳои узв дар бораи таҳрими шаҳракнишинони хушунатталаб ба тавофуқи сиёсӣ бирасанд.
Коршиносон муътақиданд, ки таҳримҳои тозаи Аврупо посухи маҳдуд ва дерҳангом ба афзоиши хушунати шаҳракнишинони саҳюнист дар Каронаи бохтарӣ аст, ки тайи моҳҳои гузашта бо ташдиди сиёсатҳои ишғолгаронаи режими саҳюнистӣ, оворасозии фаластиниён, тахриби хонаҳо ва густариши шаҳраксозиҳо шиддат гирифтааст.