Феврал 02, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Нобудии 20 дарсади новгони дарёии Арабистон ба дасти нерӯҳои яманӣ

Раииси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, нерӯҳои Яман то кунун 20 дарсад аз новгони дарёии Арабистонро нобуд кардаанд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи пойгоҳи хабарии “Аннаҷмуссоқиб”-и Яман, Солеҳ Алӣ Ассамод афзуд, огоҳӣ ва иродаи мардуми Яман, ба вижа сокинони манотиқи соҳилии ин кишвар боис шудааст то тарҳҳои Арабистон дар ҳамла ба соҳилҳои Яман шикаст бихӯрад.

Вай гуфт, рӯзе фаро хоҳад расид, ки Арабистон ва ҳомиёнаш аз ҳамла ба миллат ва ҳокимияти Яман пушаймон шаванд.

Артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман авоили ин ҳафта як новчаи мутаҷовизи саудиро дар обҳои соҳили шаҳри Алҳудайда, дар ғарби Яман ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он шуморе аз нерӯҳои Арабистон ба ҳалокат расиданд.

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ҳамчунин тарҳҳои Амрикоро дар минтақа тафриқаафканона хонд ва аз масъулони яманӣ хост, барои дастёбӣ ба роҳкори сиёсӣ талош кунанд.

Ҳамалоти бевақфаи Арабистон ба Яман аз 26 –уми марти соли 2015 оғоз шуда ва дар ин муддат ҳазорон шаҳрванди яманӣ кушта ва захмӣ ва садҳо ҳазор тан низ овора шудаанд.

 

Барчасп