Феврал 04, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Мамониъати Арабистон аз расидани киштиҳои кӯмакрасон ба бандарҳои Яман

Арабистон аз вуруди киштиҳои тиҷорӣ ё киштиҳои ҳомили кӯмакҳои инсондӯстона ба бандарҳои Яман бо ҳадафи кӯмак ба мардуми ин кишвар ҷилавгирӣ мекунад.

Шабакаи телевизиони Аламёдини Лубнон, рӯзи шанбе ба нақли манобеи яманӣ гузориш дод, Созмони Милал ба таври расмӣ ба масъулони бандари Ҳадида дар ғарби Яман эълом кардааст, Арабистон ва ҳампаймононаш монеъ аз вуруди ҳар навъ киштии тиҷорӣ ё киштии ҳомили кумакҳои инсондӯстона ба ин бандар мешавад.

Бар асос ин гузориш, қоиқҳои артиши Арабистон савоҳили ғарбии Яманро бомбаборон карданд, то монеъи расидани киштии ҳомили кумакҳои инсондӯстона ба Яман шаванд.

Артиши Арабистон аз расидани чанд киштӣ аз ҷумла як киштии ҳомили гандум ба бандари Ҳадидаи Яман ҷилавгирӣ ва ин киштиро водор кард, дар бандари Ҷаддаи Арабистон паҳлӯ бигирад.

Ин иқдоми Арабистони Саудӣ, муҷозоти ҷамъии миллати Яман аст.

Муҳаммад Исҳоқ-раиси иҷроии созмони бандарҳои Яман, дар Дарёи Сурх бо ишора ба ин, ки ҳеҷ киштӣ иҷозаи ворид шудан ба бандари Ҳадидаи Яманро надорад, гуфт, бандари Ҳадида танҳо гузаргоҳи дастраси миллионҳо яманӣ ба кумакҳои ғизоӣ ва дорӯӣ аст.

 Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ ба Яман ҳамла кардааст, то Мансур Ҳодӣ- раисиҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба қудрат бозгардонад. Дар ин ҳамалот ҳудуди 11 ҳазор яманӣ кушта ва ҳазорон нафар захмӣ шуданд.

Барчасп