Истифодаи такрории Арабистон аз бомбаи хӯшаӣ дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i13388-Истифодаи_такрории_Арабистон_аз_бомбаи_хӯшаӣ_дар_Яман
Арабистони Саудӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Маъриби Яман, бори дигар аз бомбаи хӯшаӣ истифода кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 14, 2017 09:18 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи такрории Арабистон аз бомбаи хӯшаӣ дар Яман

Арабистони Саудӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Маъриби Яман, бори дигар аз бомбаи хӯшаӣ истифода кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин ҳамла як минтақаи маскунӣ дар шаҳри Сарвоҳ рӯзи душанбе ҳадафи бомбаи хӯшаӣ қарор гирифт ва хисоратҳое ба бархе хонаҳо ворид шуд.

Арабистон аз ибтидои ҳамла ба Яман, борҳо аз бомбаи хӯшаӣ истифода кардаву шумори зиёдеро ба хоку хун кашида аст.

Арабистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар аз моҳи марти соли гузашта ба Яман таҷовузи низомӣ кардаву ин кишварро дар муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ қарор додааст.

Ин таҷовузи низомӣ то кунун натиҷае ҷуз куштори беш аз 10 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор тани дигар, овора шудани миллионҳо яманӣ ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар надоштааст.