Феврал 16, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси абад барои панҷ муътариз дар Баҳрайн

Додгоҳи таҷдиди назари Баҳрайн панҷ нафар аз эътирозкунандагони ин кишварро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Рӯзномаи “ал-Авсат”-и Баҳрайн рӯзи панҷшанбе навишт, додгоҳи таҷдиди назари Баҳрайн эълом кардааст, ин афрод пас аз ҳодисаи 14 августи соли 2015 боздошт шуданд, ки он рӯз як баста маводи мунфаҷира дар масири нерӯҳои амниятӣ дар шаҳраки “ал-Маомир” мунфаҷир шуд. Ба гуфтаи мақомҳои баҳрайнӣ, ин ҳодиса замоне рӯй дод, ки нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли поксозии мавонеи эҷодшуда ба дасти муътаризон буданд.

Режими Оли Халифа, ахиран, фишори худро болои мухолифон афзоиш додааст ва бо вуҷуди мухолифатҳои умумӣ се фаъоли ҳуқуқ башарро дар 14 январи имсол эъдом кард. Тибқи бархе гузоришҳо, Баҳрайн мумкин аст, ду муътаризи дигарро низ эъдом кунад. Додгоҳе дар Баҳрайн ин ду нафарро ба иттиҳоми инфиҷори бомб ва қатли як афсари пулис дар рустои Дайр дар моҳи феврали соли 2014 гунаҳкор шинохтааст.

Баҳрайн аз 14-уми феврали соли 2011 шоҳиди инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст. Мардуми Баҳрайн хоҳони ислоҳоти сиёсӣ, озодии баён, барқарории адолат, рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар ин кишвар ҳастанд, аммо режими Оли Халифа ин эътирозҳоро бо кӯмаки Арабистон ва нерӯҳои мавсум ба “Сипари ҷазира”-и Арабистон саркӯб кардааст.

 

Барчасп