Дидабони ҳуқуқи башар: Амрико ба Яман ғаромат бипардозад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i13846-Дидабони_ҳуқуқи_башар_Амрико_ба_Яман_ғаромат_бипардозад
Дидабони ҳуқуқи башар аз давлати Вашингтон хостааст то дар бораи кушта шудани ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакони яманӣ, ки дар ҳамлаи низомии Амрико ба ин кишвар кушта шуданд, таҳқиқоти комиле анҷом бидиҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2017 13:52 Asia/Dushanbe
  • Дидабони ҳуқуқи башар: Амрико ба Яман ғаромат бипардозад

Дидабони ҳуқуқи башар аз давлати Вашингтон хостааст то дар бораи кушта шудани ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакони яманӣ, ки дар ҳамлаи низомии Амрико ба ин кишвар кушта шуданд, таҳқиқоти комиле анҷом бидиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҷангандаҳои низомии Амрико авохири моҳи январ наздикии шаҳри Албайзои Яманро бомбаборон карданд, ки ба кушта шудани шуморе ғайринизомӣ, аз ҷумла чанд кӯдак мунҷар шуд.

Ин созмони байналмилалии фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар хостори он шудааст, ки Амрико ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла ғаромат бипардозад.

Ин амалиёти низомии Амрико дар минтақаи Албайзо, дар маркази Яман, аввалин амалиёти низомӣ буд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико аз замони ҳузураш дар Кохи сафед муҷаввизи онро содир кардааст.

Мақомоти амрикоӣ ҳадаф аз ин амалиётро террористҳои узви Алқоида унвон ва онро муваффақиятомез тавсиф кардаанд.