Феврал 26, 2017 20:23 Asia/Dushanbe

Нависанда ва рӯзноманигори машҳури италияӣ гуфт, режими саҳюнистӣ ҳаргиз ҳозир ба музокира бо фаластиниён нест.

Ҷулетто Кеза, нависанда ва рӯзноманигори машҳури италияӣ дар мусоҳиба бо радиои италияии бурунмарзӣ бо ишора ба баёноти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин мабнӣ бар инки Исроил ҳозир ба музокира бо фаластиниён нест, афзуд, тарфанди режими саҳюнистӣ омодагӣ барои музокира аст, аммо ҳаргиз пои мизи музокира ҳозир намешавад .

Намояндаи пешини Парлумони Аврупо тасреҳ кард, бо идомаи шароити кунунӣ, вазъият дар Фаластини ишғолӣ ҳар рӯз бадтар ва вахимтар мешавад. Шашумин  Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин рӯзи сешанбе бо баёноти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳузури мақомоту шахсиятҳои сиёсии 80 кишвар дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва асри чаҳоршанбе бо судури баёнияе ба кори худ поён дод .

Намояндаи пешини Парлумони Аврупо дар бораи беҳбуди равобити байни Русияву Амрико низ гуфт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико наметавонад мушкилоти мавҷуд дар равобити Вашингтон-Маскавро ҳал кунад, зеро давлати Амрико муътақид ба асли султаҷуӣ дар робита бо дигар кишварҳост .

Ин нависандаи италияӣ афзуд, касоне, ки дар атрофи раисҷумҳури Амрико ҳузур доранд, Чинро таҳдиде барои Амрико медонанд ва дар воқеъ мушкили аслии Вашингтон бо кишвари Чин аст .

 

Барчасп