Март 04, 2017 18:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати муздурони Саудӣ дар шимоли Яман

Дар ҳамалоти артиш ва нерӯҳои мардумии Яман, ба мавозеъи муздурони Саудӣ дар устон ал Ҷуф, шимоли Яман, шуморе аз муздурони саудӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ягони тӯпхонаии артиш ва неруҳои мардумии Яман, бомдоди рӯзи шанбе мавозеъи муздурони саудиро дар ду устони ал Ҷуф ва Саҳрои Мейди ҳадаф қарор доданд, ки дар ин амалиёт, шуморе аз муздурони саудӣ ба ҳалокат расиданд ва шумори дигаре захмӣ шуданд.

Шабакаи ал Олам низ гузориш дод, артиш ва нерӯҳои мардуми Яман рӯзи ҷумъа пешравии муздурони саудиро дар иртифоот «Аннашома» дафъ карданд, ки дар ин амалиёт, даҳҳо муздури саудӣ ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд ва дигар муздурони саудӣ низ ақибнишинӣ карданд.

Ҳамзамон ҷангандаҳои Саудӣ дар ҳимоят аз муздурони худ, бо бомбаҳои хӯшаӣ иртифооти «Ём» дар Нӯҳумро бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои саудӣ борҳо минтақа «Қатбин» , Рамода дар минтақаи Нӯҳум, шимоли ғарбу устони Санъо ва ҳамчунин минтақаи «Азқул» дар минтақаи Саҳори устони Саъдаро бомбаборон карданд.

Барчасп