Март 05, 2017 15:22 Asia/Dushanbe
  • Салиби Сурх ҳамлаи химиявии ДИИШ ба Мӯсилро маҳкум кард

Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ, ҳамлаҳои химиявии террористҳои ДИИШ алайҳи шаҳрвандони Мӯсилро маҳкум кард.

Ба гузориши шабакаи ал Олам, созмони байналмилалии Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар баёнияе, истифодаи террористҳои ДИИШ аз силоҳҳои химиявӣ, алайҳи шаҳрвандони бедифоъ дар шарқи Мусили Ироқро ба шиддат маҳкум кард ва нигаронии худро аз бакор бурдани силоҳҳои кимиёӣ дар даргириҳои ин шаҳр ва атрофи он, иброз дошт.

Салиби Сурх ҳамчунин аз дармони панҷ кӯдак ва ду зани химиявӣ шуда, дар шарқи Мусил хабар дод.

Ҳусайн Қодир, муовини мудири бахши аёрии таъҷилии бемористоне дар Арбили Ироқ низ дар сӯҳбат бо хабарнигори ал Олам, гуфт, тайи ду рӯзи гузашта 10 масдуми ҳамлаҳои химиявӣдар ин бемористон бистарӣ шудаанд. Созмони Салиби Сурх ҳамчунин аз ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои пазириши дигар маҷрӯҳони эҳтимолии ҳамлаҳои химиявӣ хабар дод.

Барчасп