Март 13, 2017 14:50 Asia/Dushanbe
  • Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бо ҳайъате аз Парлумони Аврупо дидор кард
    Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бо ҳайъате аз Парлумони Аврупо дидор кард

Раисҷумҳури Сурия, сиёсатҳои иштибоҳи ғарб дар қиболи кишвараш ва кулли минтақаи Ховари Миёнаро омили рушди гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва минтақа донист.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Башшор Асад рӯзи якшанбе дар дидори ҳайъате аз Парлумони Аврупо ба раёсати Хавер Косово, ноибраиси Комиссияи равобити хориҷии ин парлумон дар Димишқ гуфт: Сиёсати бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ҳамвора ҳимоят аз тундравӣ, терроризм ва таҳримҳо зидди миллатҳои озоди минтақа аз ҷумла Сурия будааст .

Аъзои ҳайъати Парлумони Аврупо низ дар ин дидор аз талоши ҳадафманди худ барои ислоҳи дидгоҳи иштибоҳи сиёсатмадорон ва мардуми Аврупо дар бораи ончи, ки дар Сурия мегузарад, хабар доданд .

Онон таъкид карданд, ҳадаф аз ин талошҳо, аз саргирии равобити дипломатии Иттиҳоди Аврупо ва Димишқ ва лағви таҳримҳои таҳмилшуда бар Сурия аст .

Аъзои ин ҳайъати аврупоӣ бароварда шудани ин ҳадафҳоро омилии бозгашти оромиш ва субот ба Сурия донистанд .

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидоншон аз ҷумла Туркия барои сарнагун кардани давлати қонунии Башшор Асад, раисҷумҳур, оғоз шудааст .

 

Барчасп