Ҳафт миллион яманӣ ғизо надоранд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i14576-Ҳафт_миллион_яманӣ_ғизо_надоранд
Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизо, вобаста ба Созмони милал эълом кард, ҳафт миллион яманӣ ғизое барои хӯрдан надоранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 14, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт миллион яманӣ ғизо надоранд

Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизо, вобаста ба Созмони милал эълом кард, ҳафт миллион яманӣ ғизое барои хӯрдан надоранд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Эрсерин Козин, мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар конфронси матбуотӣ дар Урдун гуфт, шароити инсонии Яман ба ҷое расидааст, ки 17 миллион нафар аз мардуми ин кишвар наметавонанд ба сурати комил ғизои худро таъмин кунанд.

Вай афзуд, ҳафт миллион яманӣ низ ҳеч ғизое барои хӯрдан надоранд.

 Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизо таъкид кард, агар ниёзҳои ғизоии мардуми Яман ва касоне, ки аз ноамнии ғизоӣ ранҷ мебаранду бо хатари гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд, таъмин нашавад, эҳтимоли вахомати бештари авзоъ дар ин кишвар вуҷуд дорад.

 Ҳамлаи эътилофи арабӣ ба Яман то кунун натиҷае ҷуз куштори беш аз 12 ҳазор яманӣ ва барҷой гузоштани ҳазорон захмӣ, овора шудани миллионҳо нафар ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар надоштааст.