Март 16, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Нахустин бор аст, ки як ниҳоди вобаста ба Созмони милал ошкоро Исроилро як режими нажодпараст тавсиф кардааст
    Нахустин бор аст, ки як ниҳоди вобаста ба Созмони милал ошкоро Исроилро як режими нажодпараст тавсиф кардааст

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милали муттаҳид барои ғарби Осиё рӯзи чаҳоршанбе бо интишори гузорише, Исроилро ба таҳмили “режими опортойд” бар фаластиниён муттаҳам кард.

Римо Халаф, муовини дабири кулли СММ ва раиси комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои ғарби Осиё гуфт, нахустин бор аст, ки як ниҳоди вобаста ба Созмони милал ошкоро Исроилро як режими нажодпараст тавсиф кардааст.

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милали муттаҳид барои минтақаи ғарби Осиё, муташаккил аз 18 кишвар дар ин минтақа аст ва ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои узв бахше аз ҳадафи он аст.

Гузориши ин комиссия дар бораи сиёсати нажодпарастонаи Исроил зидди мардуми Фаластин ба дархости кишварҳои узви он таҳия шудааст.

Ин иқдоми ниҳоди иқтисодӣ ва иҷтимоии вобаста ба Созмон милал нахустин иқдом зидди Исроил дар даврони Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико аст, ки аз 20-уми январи 2017 дар ҳимояти сиёсӣ ва дипломатӣ аз кобинаи ҷангталаби Бенёмин Натанёҳу аз ҳеҷ талоше фурӯгузор накардааст. Трамп ҳатто пеш аз вуруд ба Кохи сафед ҳама зарфиятҳои дохилии Амрикоро барои ҳимоят аз Исроил ба кор гирифт ва амалан нишон дод, ки Вашингтон ҳомии аслии режими опортойди Исроил зидди фаластиниён аст.

 Таҳдиди Амрико ба қатъи кӯмакҳои молӣ ба ин ниҳоди байналмилалии ҳомии сулҳу амнияти ҷаҳонӣ пас аз тасвиби қатъномаи маҳкумияти шаҳраксозии Исроил дар Шӯрои амният, таҳдид ба хуруҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ба хотири ташдиди сиёсати зиддиисроилӣ дар ин шӯро ва акнун таъкиди Ники Ҳили, намояндаи Амрико дар Созмони милал бар канор гузоштани гузориши комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милал барои ғарби Осиё, ба маънои ҳамвор кардани масири сиёсати табъизи нажодии Исроил зидди мардуми мазлуми Фаластин аст.

Дар ҳудуди ду моҳе, ки аз вуруди Трамп ба Кохи сафед мегузарад, режими опортойди Исроил маҷмӯаи сиёсатҳоеро бар фаластиниён таҳмил карда, ки тақрибан нисбат ба гузашта бесобиқа ҳам будааст. Эъломи тарҳи интиқоли Сафорати Амрико аз Тел-авив ба Қудси ишғолӣ, суръат гирифтани сохт ва тавсеаи шаҳракҳои саҳюнистнишин, тасвиби қонуни нажодпарастонаи манъи пахши азон аз масоҷиди Қудси ишғолӣ дар парлумони Исроил ва ҷилавгирӣ аз вуруди ҳамаи ақшори ҷомеаи Фаластин ба Масҷид-ул-ақсо танҳо бахше аз таҳаррукоте буда, ки Исроил зидди фаластиниён эъмол кардааст.

Эъмоли маҳдудиятҳои шадиди иқтисодӣ бар манотиқи мухталифи фаластинӣ, аз ҷумла Қудси ишғолӣ ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва муҳосираи 10 -солаи борикаи Ғазза аз дигар иқдомоти созмонёфтаи асосёфта бар табъизи нажодист, ки Исроил дар сояи ҳимояти давлатҳои мухталиф дар Амрико ва бепарвоии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар зидди фаластиниён иҷро кардааст.

Моҳияти нажодпарастона будани иқдомот ва ҷиноёти Исроил ба ҳадде ошкор аст, ки Созмони милалро водоштааст то дар гузориши комиссия иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои ғарби Осиё, бар воқеияти табъизи нажодӣ дар ин сарзамин саҳм гузорад.

 

Барчасп