Ибрози таассуфи намояндаи маҷлиси Фаластин аз иқдоми Созмони милал дар ҳазфи гузориши ЭСКЗА
(last modified 2017-03-19T14:52:15+00:00 )
Март 19, 2017 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи намояндаи маҷлиси Фаластин аз иқдоми Созмони милал дар ҳазфи гузориши ЭСКЗА

Намояндаи маҷлиси қонунгузории Фаластин, иқдоми дабири кулил Созмони милалро дар ҳазфи гузориши ЭСКЗА зидди режими саҳюнистӣ маҳкум кард.

Гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Кумитаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ғарби Осиё дар Созмони милали муттаҳид (ЭСКЗА), ки дар он режими саҳюнистӣ ба нажодпарастӣ муттаҳам шуда буд, ба дастури дабири кулли Созмони милал аз дастури кор хориҷ шуд ва ба дунболи он Рима Халаф, дабири ин кумита аз симмати худ истеъфо кард .

Мустафо Албирғусӣ, намояндаи Парлумони Фаластин рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ин иқдом ба Ирно гуфт: Боваркарданӣ нест, ки олитарин мақоми Созмони милал омили аслии канор гузоштани ин гузориши муҳим бошад, иқдоме, ки бо фишори Вашингтон ва Тел Авив рӯй дод .

Албирғусӣ тасреҳ кард: Бояд ба Исроил ба далели таҷовузот ва ҷурмҳояш фишор овард на инки аз он ҳимоят ва коршиносоне, ки гузориши рафторҳои нажодпарастонаи Исроилро бо пайбандӣ ба усул таҳия кардаанд, сарзаниш кард .

Вай аз фаластиниён хост, мавзуи иқдомоти нажодпарастонаи режими саҳюнистиро ба Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ирҷоъ диҳанд, зеро расидагӣ ба ин мавзуъ онтавр, ки дар гузориши ЭСКЗА омада, ҷузъи масъулиятҳои ин ниҳоди байналмилалӣ аст .