Март 19, 2017 21:32 Asia/Dushanbe
  • Тағйири муодилоти ҷанги Яман дар ояндаи наздик

Сухангуи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт, дар чанд рӯзи оянда марҳалаи ҷадиде аз амалиёти нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман оғоз мешавад, ки ҳамаи муодилотро тағйир хоҳад дод.

Ба гузориши Алмаёдин, Шараф Луқмон, сухангуи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо тайиди исобати мушаки Беркани ду ба пойгоҳи ҳавоии Малик Салмон дар Риёз афзуд: Ин нахустин бор буд, ки аз мушаки Беркани ду дар ҳамла ба ин пойгоҳ истифода шуд .

Сухангуи нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард, шиллики мушак ба пойгоҳи Малик Салмон паёме барои Исмоил Валад Шайх Аҳмад, фиристодаи Созмони милал дар умури Яман аст, ки гуфта буд, яманиҳо бояд силоҳи худро ба душман таҳвил диҳанд .

Сартип Шараф Луқмон бо баёни инки мушаки Беркан тавоноии расидан ба ҳар ҳадафе дар дохили Арабистонро дорад, ибрози умедворӣ кард: Мақомоти Саудӣ бо дарки ин паём, таҳоҷуми худ ба Яманро поён диҳанд .

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва Англия аз марти 2015 ҳамалоти худро ба мардуми Яман оғоз кардааст.

Ҳамалоти режими Оли Сауд ба мардуми Яман беш аз 38 ҳазор куштаву захмӣ барҷо гузошта ва боиси тахриби зерсохтҳо ва оворагии миллионҳо ғайринизомии яманӣ ба вижа занону кӯдакон шудааст .

 

Барчасп