Апрел 06, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамлаи кимиёӣ ба минтақаи Хон Шайхуни Сурия
    Баррасии ҳамлаи кимиёӣ ба минтақаи Хон Шайхуни Сурия

Вазирони умури хориҷаи Русия ва Сурия дар бораи охирин авзои ин кишвар, аз ҷумла мавозеи зиддисурии чанд кишвар ғарбӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва Валид Муаллим, ҳамтои сурии вай рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи авзои Сурия, бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаи ахир шимиёӣ (химиявӣ ё кимиёӣ) дар минтақаи Хон Шайхун, дар вилояти Идлиб, шимоли ғарби ин кишвар музокира карданд.

Вазирони умури хориҷаи Русия ва Сурия ҳамчунин охирин вазъияти Сурия, аз ҷумла баҳс дар бораи ин масъала дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро баррасӣ карданд.

Нишасти вижаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе барои баррасии ҳамлаи кимиёӣ ба минтақаи Хон Шайхуни Сурия, ки бо талоши Биритания, Фаронса ва Амрико ба унвони аслитарин ҳомиёни террористҳо дар Сурия баргузор шуд, бидуни раъйгирӣ дар бораи тарҳи пешниҳодии кишварҳои ғарбӣ ҷиҳати маҳкум кардани давлати Сурия, поён ёфт.

Дар ҳамлаи химиявии рӯзи сешанбе ба минтақаи Хон Шайхун, дар ҷануби Идлиби Сурия, беш аз сад нафар кушта ва ҳудуди 400 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқу Сурия борҳо аз силоҳҳои мамнуа, аз ҷумла химиявӣ алайҳи мардуми ин ду кишвар истифода кардаанд.

Давлати Сурия соли 2014 зарродхонаи таслиҳоти кимиёии худро ба намояндагони Созмони милали муттаҳид ва Созмони манъи таслиҳоти кимиёӣ таҳвил дод.

 

Барчасп