Апрел 06, 2017 21:08 Asia/Dushanbe
  • Яман: Қатлгоҳи кӯдакон

Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, масъули аз ҳампошидагии низоми беҳдошт ва дармони Яман ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Абдулҳаким Каҳлонӣ- сухангӯи вазорати беҳдошти Яман, дар нишасти матбуотӣ ба муносибати ҳафтуми апрел, рӯзи ҷаҳонии беҳдошт, гуфт, тибқи гузоришҳои Сандуқи кӯдакони Милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳар 10 дақиқа, як кӯдаки яманӣ ҷонашро аз даст медиҳад, аз ин рӯ, бояд ҳарчи сареътар барои таваққуфи фаврии ҳамалот Арабистон ва муттаҳидонаш вориди амал шуд.

Вай афзуд: ончӣ ба хусус пас аз баста шудани фурудгоҳи байналмилалии Санъо барои низоми беҳдошт ва дармони Яман, маҷрӯҳон ва беморони рӯй медиҳад, аз бузургтарин ҷиноятҳо дар таърихи муосир аст.

Алкаҳлонӣ аз мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва мудири минтақаии ин созмон дар Ховари Миёна даъват кард, то ба Яман сафар кунанд ва вазъияти беҳдошти Яманро аз наздик бубинанд.

Вай ҳамчунин гуфт, 80 нафар аз кодри беҳдошт ва дармони Яман, то кунун ба шаҳодат расида ва 220 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Вай афзуд: теъдод шуҳадо ва маҷрӯҳон Яман аз оғоз ҳамалот Арабистон ба 30 ҳазор нафар расидааст, ки 35 дарсад онҳо кӯдак ва зан ҳастанд.

Алкаҳлонӣ гуфт, танҳо 49 дарсад аз марокизи беҳдоштии Яман дар ҳоли ҳозир фаъол ҳастанд ва бахши беҳдошт ва саломати ин кишвар аз ду сол пеш тақрибан бидуни барқ фаъолият мекунад.

 

Барчасп