Апрел 07, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Пас аз ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи ҳавоии \\\
    Пас аз ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи ҳавоии \\\"Шаирот\\\" террористҳои ДИИШ бори дигар ба Тадмур ҳамла карданд

Шабакаи телевизионии “ал-Маёдин”-и Лубнон аз ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаҳри Тадмури вилояти Ҳимс дар пайи ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” хабар дод.

Талол Барозӣ, раиси вилояти Ҳимси Сурия дар гуфтугӯ бо шабакаи “ал-Маёдин” гуфт, бо оғози ҳамлаи террористҳои ДИИШ ба шаҳри таърихии Тадмур нерӯҳои артиши Сурия бо террористони ДИИШ дар атрофи майдони нафтии “Ҳаққ-уш-шоир”, шарқи Тадмур даргир шудаанд. Ҳамзамон Ҳисм Ҳасун, коршиноси масоили низомӣ дар Вашингтон низ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “ал-Маёдин” бо ишора ба оғози моҷароҷӯии Амрико дар Ховари Миёна бо ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоӣ дар Ҳимси Сурия гуфт, ин ҳамалот на танҳо боиси хурсандии Арабистон, Туркия ва Исроил ба унвони ҳомиёни терроризм мешавад, балки афзоиши рӯҳияи гурӯҳҳои террористиро, ки абзоре дар дасти Вашингтон ҳастанд, ба дунбол хоҳад дошт.

Соате пас аз ройзании масъулони амрикоӣ барои дахолати низомӣ дар Сурия бо баҳонаи ҳамлаи кимиёӣ дар минтақаи Хон-Шайхун, ҷануби вилояти Идлиб Амрико ба вилояти Ҳимси Сурия ҳамлаи мушакӣ кард. Дар асари ин ҳамла 9 нафар дар се рустои наздики пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” ба шаҳодат расиданд, ки чаҳор нафари онон кӯдак ҳастанд.

Фурудгоҳи низомии “Шаирот” моҳи гузашта ҷангандаи режими саҳюнистиро, ки ба мавозеи артиши наздик ба Ҳимс ҳамла карда буд, ҳадаф қарор дода, сарнагун кард. Ин пойгоҳ ҳамчунин муҳимтарин пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии артиши Сурия ва дувумин пойгоҳи низомии мавриди истифодаи Русия барои бомборони ДИИШ буд, ки вайронӣ ва ғайриамалиётӣ шудани он ба ДИИШ фурсати бозсозӣ медиҳад.

 

Барчасп