Апрел 08, 2017 21:21 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Сурия алайҳи ҷиноёти Амрико

Мардуми Сурия бо барпоии тазоҳурот дар хиёбонҳои Димишқ, ҳамлаи Амрико ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар ин кишварро маҳкум карданд.

Мардуми Сурия бо барпоии тазоҳурот дар хиёбонҳои Димишқ, ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи ҳавоӣ дар он кишварро маҳкум карданд ва хоҳони вокуниш дар баробари ин таҷовуз алайҳи кишвари худ шуданд .

Яке аз шаҳрвандони сурии ширкаткунанда дар ин тазоҳурот гуфт: “Аз онҷо, ки сарбозони сурияии кушташуда дар ин ҳамлаи ҳавоӣ ҷузъи миллати мо ҳастанд, ин ҳамла як ҷинояти ҷангӣ аст ва мо ҳаргиз онро намепазирем”.

Ба мувозоти тазоҳуроти мардумӣ дар маҳкумияти таҳаррукоти низомии Амрико дар Сурия давлати Сурия низ сароҳатан таъкид кардааст, ки таҷовузи Амрико ба Сурия сабаб шудааст, то азми ин кишвар дар ҳадаф қарор додани террористҳои муздур ва тадовуми саркуби онон дар ҳар маконе аз хоки Сурия афзоиш ёбад ва бо ҳассосияти бештаре таҳаррукоти ҳомиёни онҳоро низ пайгирӣ кунанд.

Амрико бомдоди ҷумъа ба баҳонаи ҳамлаи химиявии машкуки сешанбеи гузашта ба устони Идлиб 59 фарванд аз рӯи ду нови ҷангии худ дар дарёи Мадитарона ба самти пойгоҳи ҳавоии Алшаирот дар Ҳимс шиллик кард, ки бар асари он 9 нафар аз ҷумла чаҳор кӯдак кушта ва шуморе захмӣ шуданд.

Ҳамалоти ҳавоии Амрико хисороти қобили таваҷҷуҳе низ ба манозили рустоҳои Алҳамрот, Алшаирот ва Алманзул, ки ба пойгоҳи ҳавоии Алшаирот наздиканд, ворид кардааст.

Таҳаррукоти мудохилаҷуёнаи фазояндаи Амрико дар Сурия, ки нақзи густардаи ҳокимияти Сурия аст, дар таноқузи ошкор бо ҳуқуқи байналмилалӣ аст ва ба хоку хун кашида шудани низомиёни сурӣ, ки дар хатти муқаддами ҷанг бо террористҳо қарор доранд ва низ садҳо ғайринизомии сурӣ мунҷар шуда ва тахриби амокини маскунӣ ва умумӣ дар ин кишварро дар пай доштааст.  

Ин дар ҳолест, ки мудохилагариҳо ва иқдомоти якҷонибаи Амрико дар Сурия, ки бидуни муҷаввизи Созмони милал сурат мегирад, дар даврони Доналд Трамп дар ҳоли ташдид шудан аст.

Бетардид мудохилоти фазояндаи бегонагон дар умури Сурияу нақзи ҳокимияти ин кишвар ва муҷиботи нигаронии мардуми Сурияро, ки бо таҳаррукоти ҷинояткорона ва сайтараҷуёнаи гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ мувоҷеҳ ҳастанд, фароҳам кардааст. Аз диди мардуми Сурия, мухотироти террористҳо ва кишварҳои мутаҷовизе назири Амрико барои Сурия ду рӯи сикка маҳсуб мешавад, ки ҳадафи куллии таҷзияи Сурияро дар масири тамаъкорона дар қолиби тарҳи Ховари Миёнаи ҷадид дунбол мекунад.

Вокунишҳои фазояндаи мақомот ва мардуми Сурия ва афкори умумии ҷаҳонӣ дар моҳҳои ахир ба моҷароҷуиҳои Амрико дар минтақа бавижа иқдомоташ дар нақзи мустамари ҳокимияти Сурия баёнгари мухолифати фазоянда бо сиёсати хориҷии танишзои Вашингтон аст. Бетардид иқдомоти Вашингтон ба печидатар шудани буҳронҳо ва бесуботиҳои бештар дар минтақаи Ховари Миёна анҷомидааст .

 

Барчасп