Апрел 13, 2017 17:31 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои таҳқиқи Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ дар Сурия

Русия ва Сурия таҳқиқоти Созмони манъи таслиҳоти кимиёвиро дар бораи воқеаи Хон Шайхун дар Идлиб, хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, давлати Сурия бо ирсоли номае ба Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ, эъзоми бозрасон ба маҳалли ҳодисаи кимиёвӣ дар Хон Шайхун-вилояти Идлиби Сурия ва пойгоҳи ҳавоии ал Шаъиротро барои анҷоми таҳқиқот дархост кард. Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия низ гуфт, Маскав аз таҳқиқ дар бораи ҳодисаи кимиёвии Хон Шайхун ҳимоят мекунад ва Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ, ихтиёроти кофӣ барои анҷоми чунин таҳқиқотеро дорад.

Дар ҳамлаи кимиёвии машкуки сешанбе-чаҳоруми апрел ба минтақаи Хон Шайхун, дар ҷануби Идлиби Сурия, беш аз сад нафар кушта ва ҳудуди 400 нафар захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди он ки давлати Сурия дар соли 2014, зарродхонаи таслиҳоти кимиёвии худро ба намояндагони Созмони Милал ва Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ таҳвил дод, Вашингтон шомгоҳи панҷшанбеи гузашта ба баҳонаи он ки давлати Сурия, дар ҳамлаи кимиёвии Хон Шайхун нақш доштааст, 59 адад мушак ба хоки Сурия шиллик кард.

Ин ҳамла сабаб шуд, то гумоназаниҳое дар бораи эҳтимоли талоши Амрико барои тағйири низоми Сурия бо тавассул ба гузинаи низомӣ шакл гирад.

 

Барчасп