Апрел 24, 2017 19:22 Asia/Dushanbe
  • Урдун: Иқдомоти Исроил минтақаро ба оташ мекашонад

Намояндаи доими Урдун дар Созмони милал дар мавриди интиқоли сафорати кишварҳо ба Қудс ё ба расмият шинохтан ин шаҳр ба унвони пойтахти Исроил ҳушдор дод.

Ба гузориши Исно, Симо Биҳавс, намояндаи доими Урдун дар Созмони милал имрӯз душанбе дар суханоне ба намояндагӣ аз кишварҳои арабӣ дар Шӯрои амният гуфт: Тағйири ҳақиқат ва воқеияти Қудс, авоқиб ва паёмадҳои ногуворе дорад ва фурсатҳои таҳаққуқи сулҳро нобуд ва минтақаро ноамн мекунад .

Биҳавс таъкид кард: Ин иқдомоти Исроил, сартосари минтақаро ба оташ мекашонад.

Намояндаи доими Урдун дар Созмони милал хостори иҷрои қатъномаҳои Шӯрои амният дар мавриди Қудс ба вижа қатъномаҳои 252, 267, 465 ва 478 шуд, ки ҳамаи ин қатъномаҳо таъкид доранд, ҳаргуна дахлу тасарруфи режими саҳюнистӣ дар умур ва авзои ҷорӣ бар Қудс ботил ва ғайриқонунӣ аст .

Биҳавс хотирнишон кард: Бояд Исроилро мулзам кард, ба қатъномаҳои байналмилалӣ ба вижа қатъномаи 2334 Шӯрои амният, ки бар таваққуфи фаврии шаҳраксозӣ дар арозии ишғолии Фаластин таъкид дорад, амал кунад .

Доналд Трамп, дар замони рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ваъдаи интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудси ишғолиро дода буд, ки ин масъала бо вокунишҳои мутааддиди тарафҳои фаластинӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст .

 

Барчасп