Май 01, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҷиноёти режими Оли Халифа алайҳи зиндониёни Баҳрайн

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар бо маҳкумияти ҷиноёти режими Оли Халифа зидди зиндониёни Баҳрайн аз ин режим хостанд, ба бархӯрдҳои таҳқиромез бо зиндониёни сиёсӣ хотима диҳад.

Ба гузориши “Пресс” ТВ, 10 гурӯҳи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи якшанбе дар баёнияе бо интиқод аз озору азият ва шиканҷаи зиндониён аз сӯйи маъмурони Баҳрайн аз ҳукумати ин кишвар хостанд, ба саркӯби зиндониёни сиёсӣ поён диҳад. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар бо таъкид бар лузуми ҳусули итминон аз рафтори инсонӣ бо зиндониён аз сӯйи Ҳукумати Баҳрайн аз ин кишвар хостанд, дар чорчӯби қавонин ва стандартҳои байналмилалӣ бо зиндониён рафтор карда, ба онҳо иҷозати мулоқот бо аъзои хонаводашон ва дастрасӣ ба хадамоти пизишкӣ дода шавад.  

Дар ҳамин ҳол, Ҷо Сток, муовини мудири созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар умури Ховари Миёна вазъияти ҳуқуқи зиндониён дар Баҳрайнро асафбор хонда гуфт, рафтори ғайриинсонӣ бо зиндониён дар Баҳрайн ба ҳадде аст, ки онҳоро водор ба фирор аз зиндон мекунад. Муовини мудири созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар умури Ховари Миёна ҳамчунин дарбанд кардани беморон ва шиканҷа шудани шумори зиёде аз онон дар зиндонҳои Баҳрайнро иқдомоти носаҳеҳ барои таъмини амният дар зиндонҳо донист.

Баҳрайн аз 14 феврали соли 2011 инҷониб шоҳиди инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст. Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат, рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар кишварашон ҳастанд. Аммо режими Оли Халифа ҳамвора бо саркӯб ба эътироз онон посух медиҳад.

 

Барчасп