Май 12, 2017 18:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти Арабистон - омили густариши беморҳои маргбор миёни кӯдакони яманӣ

Идомаи ҷанг ва муҳосираи Яман аз сӯйи Арабистони Саудӣ ва ҳампаймонони ин кишвар сабаб шудааст, то ҳар 10 дақиқа як кӯдаки зери панҷ сол дар Яман бо сабаби беморӣ ба коми марг кашида шавад.

 

Ба гузориши пойгоҳи “ал-Аҳд”-и Лубнон, идомаи ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти зербиноӣ ва марокизи дармонии Яман ва муҳосираи комили ин кишвар ба густариши бемориҳое монанди вабо ва дигар бемориҳои кушанда дар миёни кӯдакон анҷомида ва хадамоти беҳдоштию дармониро дар Яман бо буҳрони ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, ахиран, эълом кард, бемории вабо дар Яман бори дигар густариш пайдо кардааст ва дасти кам 34 нафар пас аз ибтило ба ин беморӣ фавт кардаанд.

Муҳаммад Асъадӣ, сухангӯи Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Яман низ эълом кард, дар 12 рӯзи гузашта, 82 мавриди ибтило ба вируси вабо дар Яман гузориш шуда, ки ниме аз мубталоён кӯдак ҳастанд ва ин беморӣ дар 13 вилояти Яман густариш пайдо кардааст.

Бемории вабо бар асари вуҷуди олудагӣ дар оби ошомиданӣ дар фард эҷод мешавад ва агар фарди мубтало дармон нашавад, дар муддати чанд соат ҷони худро аз даст медиҳад. Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 307 махзани об, шабакаи обрасонӣ ва садҳо чоҳи об дар ҳамалоти ду соли ахир ба Яман тахриб шудааст ва беш аз 85 дарсади сокинони Яман аз набудани об барои ошомидан ва шустушӯ ранҷ мебаранд.

 

Барчасп