Май 13, 2017 17:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳо дар шаҳри Авомияи Арабистон

Як манбаи маҳаллӣ дар Арабистон эълом кард, шумори куштаҳо бар асари ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри шианишини Авомия дар шарқи он кишвар, ба чаҳор нафар расид.

Ба гузориши ал Олам, ин манбаи маҳаллӣ изҳор дошт, ин афрод дирӯз ҷумъа бар асари шиллики неруҳои амниятии режими Оли Сауд кушта шуданд. Се нафар аз онҳо, арабистонӣ ҳастанд ва чаҳорумин нафар шарҳванди Ҳинди муқими Арабистон ба номи Ҳайдар аст.

Неруҳои амниятии Саудӣ, шаби гузашта (ҷумъа) низ масҷид алсед Муҳаммад"ро ҳадафи шиллики хумпора қарор доданд ва ба таври комил тахриб карданд. 16 нафар низ рӯзи чаҳоршанбе захмӣ шуданд.

Дар тасовире, ки ба дасти фаъолони ҳуқуқи башарӣ расидааст, неруҳои амниятӣ аз силоҳ ва муҳиммоти сангин барои ҳамла ба маҳаллаи Масура истифода мекунанд. Дар ин маҳалла аз шаҳри Авомия беш аз 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Мақомоти арабистонӣ ҳамчунон аз вуруди об ва ғизо ба маҳаллаи таҳти муҳосираи Масура ҷилавгирӣ мекунанд.

Манотиқи шианишини Арабистон, аз соли 2011, баъд аз шӯълавар шудани эътирозоти мардумӣ алайҳи зулму ситами ҳокимони Оли Сауд, саҳнаи ҳамалоти мукаррар ва ғофилгиркунандаи низомиёни саудӣ аст.

 

Барчасп