Май 15, 2017 11:21 Asia/Dushanbe
  • Талош барои оташбас дар Яман қабл аз моҳи Рамазон

Фиристодаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Яман аз оғози талошҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар Яман пеш аз моҳи Рамазон хабар дод.

Ба иттилои Алюм, Исмоил Улд Шайх Аҳмад ибрози умедворӣ кард, ки ин оташбас битавонад заминаро барои аз саргирии музокироти сулҳ низ фароҳам кунад .

Вай афзуд: Чанддастагии ҷомеаи байналмилал дар қиболи Яман боиси афзоиши ранҷи мардуми ин кишвар шуда ва дастёбӣ ба роҳҳалли буҳронро душвор кардааст .

Фиристодаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Яман гуфт: Авзоъ дар Яман бисёр буғранҷ аст ва даргириҳо дар ин кишвар токунун ҳашт ҳазор кушта ва 44 ҳазор маҷруҳ ба ҳамроҳ доштааст .

Тибқи тозатарин омори Созмони милали муттаҳид, ҳудуди 80 дарсад аз ҷамъияти Яман (беш аз 21 миллион нафар) ба кумакҳои инсондӯстона ниёз доранд .

 

Барчасп