Додгоҳи Миср Мурсиро террорист донист
(last modified Sun, 21 May 2017 10:47:43 GMT )
Май 21, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Миср Мурсиро террорист донист

Додгоҳи олии Миср раисҷумҳури барканоршудаи ин кишварро дар феҳристи террористҳо қарор дод.

Ба иттилои Ирно, Додгоҳи олии Миср рӯзи шанбе Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ва Муҳаммад Бадиъ, раҳбари Ихвоналмуслимин Миср ва 24 тан аз аъзои ин гурӯҳро дар феҳристи террористҳо қарор дод .

Додгоҳи олии Миср бо дархости таҷдиди назар дар ҳукми 26 нафар аз муттаҳамон ва дар садри онҳо Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршуда мухолифат кард .

Ҷаласаи Додгоҳи олии Миср ба раёсати Отиф Абдусамиъ баргузор шуд .

Додгоҳи ҷиноии Миср баъд аз азли Мурсӣ дар соли 2013 ӯро ба ҷурми таҳрики хушунати байни нерӯҳои амниятӣ ва муътаризони мисрӣ ба 20 соли зиндон маҳкум кард .