Май 22, 2017 18:41 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ансоруллоҳи Яман барои поён додан ба ҷанг

Раиси Шӯрои олии сиёсии Ансоруллоҳи Яман омодагии доими худ ва мардуми Яманро барои ҳамкорӣ бо бозигарони байналмилалӣ ва минтақаӣ барои поён додан ба ҷанг дар Яман бар асоси эҳтиром ба ҳокимият, амният ва истиқлоли ин кишвар эълом кард.

Солеҳ Алсамод гуфт: Уалд Шайх рӯзи гузашта ҳамзамон бо бисту ҳафтумин солгарди истиқлоли Яман ва сафари Трамп ба минтақа, дархости сафари худ ба Санъоро ироа дод ва ба рағми инки мо медонем, вай ҳомили хабари ҷадиде нест ва ибтикори амале барои ҳалли буҳрони Яман надорад, аз ҳаргуна пешниҳоди сулҳ бар асоси эҳтиром ба ҳокимияти Яман истиқбол мекунем.

Ин мақоми яманӣ таъкид кард: Дастони мо ҳамчунон ба самти сулҳ дароз аст ва мо ба шиддат алоқаманди сулҳ ва ҳофизи озодӣ ва истиқлолу каромати мардуми Яман ҳастем.

Арабистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар моҳҳост, ба Яман таҷовузи низомӣ кардааст.

Ин таҷовузи низомӣ токунун натиҷае ҷуз куштори беш аз 12 ҳазор яманӣ ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор тани дигар ва ҳамчунин овора шудани миллионҳо яманӣ ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар надоштааст .

 

Барчасп