Ҳукми эъдом барои 14 ҷавони мухолиф дар Арабистон
(last modified 2017-05-26T15:08:21+00:00 )
Май 26, 2017 20:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми эъдом барои 14 ҷавони мухолиф дар Арабистон

Додгоҳи Олии режими Оли Сауд дар Риёз, пойтахти Арабистон ҳукми эъдоми 14 ҷавони аҳли манотиқи шарқии ин кишварро, ки дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ширкат карда буданд, содир кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Минор”-и Лубнон, иттиҳоми ин афрод ширкат дар тазоҳуроти соли 2011 будааст. Бар асоси ин гузориш, ин ҷавонон дар додгоҳи ҷиноии махсуси мубориза бо терроризм муҳокима ва ба эъдом маҳкум шудаанд. Гуфта мешавад, муттаҳамон аз доштани вакил барои баррасӣ ва таҳқиқ маҳрум будаанд ва ҳамчунин барои эътироф кардан шиканҷаи ҷисмию рӯҳӣ шудаанд.

Манотиқи шарқи Арабистон, бавижа минтақаи Қатиф аз соли 2011 то кунун дар эътироз ба беадолатию тақсими ноодилонаи сарват саҳнаи эътирози мардуми зидди Оли Сауд аст. Бо вуҷуди бархурдор будани ин манотиқ аз манобеи азим нафтӣ мардуми шарқи Арабистон аз назари рифоҳ дар сатҳи поин қарор доранд ва аз ҷумла, ҳамвора аз оби ошомидании солиму кофӣ маҳрум ҳастанд.

 

Барчасп