Май 28, 2017 13:15 Asia/Dushanbe
  • Идомаи саркӯби бераҳмонаи мӯътаризон дар Арабистон

Арабистон қасди гардан задани шахси маълулро ба баҳонаи ширкат дар эътирозот дорад.

“Индепендент”-рӯзномаи бритониёии чопи Лондон навишт, додгоҳе дар Арабистони Саудӣ, ҳукми гардан задани як марди нотавони ҷисмиро ба далели ҳузур дар тазоҳуроти эътирозӣ содир карда, аммо ҳеҷ шавоҳиде дар робита бо ин мавзӯъ дар муҳокимаи вай ба ҷуз эътирофоте, ки ба зӯри шиканҷа аз вай гирифта, ироа нашудааст.

Мунир Одами 23 сола, ки дар замони тазоҳуроти соли 2012, дар устони Шарқия аз манотиқи шианишини Арабистон, ба шиддат лату куб шуд ва шунавоии яке аз гӯшҳои худро аз даст дод, дар соли 2016 дар як муҳокимаи махфиёна дар додгоҳи кайфарии вижаи ин кишвар ба эъдом маҳкум шуд.

Муия Фуо, мудири як созмони хайрияи ҳуқуқӣ дар ин бора гуфт, Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико, дар сафари ахир худ ба Арабистон, бо нотавонӣ дар матраҳ кардани мавзӯи мавориди нақзи ҳуқуқ башар дар Арабистон, сабаби густохтар шудани мақомоти ин кишвар дар идомаи шиканҷа ва эъдом тазоҳуркунандагон шудааст.

 Арабистон яке аз кишварҳое аст, ки савобиқи эъдомҳои фаровон ва вазъияти бади ҳуқуқи башар дар он, ба таври пай дарпай мушоҳида мешавад.

Бо вуҷуди нигарониҳои иброз шуда аз сӯи муассисоти ҳуқуқи башар, Арабистон дар соли 2013 барои як давраи се сола ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башар интихоб шуд.

Интихоби Арабистон ба узвияти ин шӯро, гувоҳи ин воқеият аст, ки вазъияти буғранҷи ҳуқуқи башар дар Арабистон, мавриди ҳимояти кишварҳои қудратманди ғарбӣ қарор дорад ва онҳо дар ҷиҳати истимрор ҳокимияти Оли Сауд дар Арабистон, тамоюле ба таваққуфи ин раванд надоранд.

 

Барчасп