Май 28, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Пирӯзии асирон пирӯзии ҳақ бар ботил буд

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе эълом кард, таҳаққуқ ёфтани мутолиботи асирони муборизе, ки эътисоби ғизо карда буданд, пирӯзии ҳақ бар ботил аст.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии Алрисола, Фавзӣ Барҳум, сухангуи Ҳамос дар ин баёния таъкид кард: Ваҳдат, сабру субот, корҳои номумкинро мумкин мекунад ва мунҷар ба пирӯзиҳо дар баробари режими ишғолгари Қудс мешавад .

Барҳум дар ин баёния овардааст: Усарои фаластинии эътисоби ғизо кунанда бо муқовимати қаҳрамононаи худ душманро маҷбур ба зону задан ва тан додан ба шартҳои одилона ва ҳуқуқи машруашон карданд .

Асирони фаластинӣ баъд аз тавофуқ бо Кумитаи эътисоби ғизо ба раёсати Марвон Албарғусӣ дар бораи хостаҳои асирон ва баъд аз 20 соат музокира дар зиндони Асқалони режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе ба эътисоби ғизои 40 рӯзаи худ поён доданд .

Беш аз ҳазору 700 асири фаластинӣ аз 17 апрели 2017 ҳамзамон бо рӯзи асири фаластинӣ ба далели нодида гирифта шудани ҳуқуқи инсонии худ дар зиндонҳои Исроил эътисоби ғизои номаҳдудеро оғоз карда буданд .

​Беҳбуди шароити беҳдоштӣ, лағви маҳдудияти мулоқоти хонаводагӣ, поён додан ба ҳабси инфиродӣ ва боздоштҳои идорӣ аз хостаҳои асирони фаластинии эътисобкунандаи дарбанди режими Исроил буд .

 

Барчасп