Май 29, 2017 12:44 Asia/Dushanbe
  • Беш аз як миллион зани яманӣ дар маърази бемории вабо

Созмони Милали Муттаҳид дар бораи густариши бесобиқаи бемории вабо дар Яман, ки ҷони садҳо ҳазор нафар аз занони яманиро таҳдид мекунад ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Анотолии Туркия, мудири бахши кишварҳои арабии СММ дар баёнияе эълом кард, даргириҳо дар Яман, ба тахриби зерсохтҳои пизишкӣ ва беҳдоштии ин кишвар мунҷар шудааст ва занони бордор ва кӯдакони ширхори яманӣ, ки аз суитағзия ранҷ мебаранд, бештар аз дигар афрод дар маърази ибтило ба вабо ҳастанд.

Гуфта мешавад, беш аз як миллион зани яманӣ дар маърази ибтило ба бемории вабо ҳастанд.

Дар ин баёния омадааст, фақат 35 дарсад аз марокизи таваллудхонаҳо дар Яман, фаъол аст ва бештари зерсохтҳои беҳдоштӣ ва дармонии ин кишвар, бар асари ҷанг ва ҳамалоти Арабистон вайрон шудааст.

Бар асоси гузориши созмонҳои байналмилалӣ, 17 миллион нафар аз шаҳрвандон Яман, ҳамчунон ниёзи зарурӣ ба кумакҳои ғизоӣ доранд ва ҳудуди ҳафт миллион нафари дигар дар остонаи қаҳтӣ ҳастанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико беш аз ду сол аст, ки ба Яман ҳамла карда ва ин кишварро ба таври комил дар муҳосира қарор додааст. Ҳамлаи Арабистон ба Яман, боиси кушта шудани беш аз 12 ҳазор яманӣ ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар шудааст.

 

Барчасп