Дар Фаластин талоқ дар моҳи Рамазон мамнуъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i17944-Дар_Фаластин_талоқ_дар_моҳи_Рамазон_мамнуъ_шуд
Қозии шаръи Фаластин талоқи завҷинро дар моҳи мубораки Рамазон мамнуъ эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 29, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Дар Фаластин талоқ дар моҳи Рамазон мамнуъ шуд

Қозии шаръи Фаластин талоқи завҷинро дар моҳи мубораки Рамазон мамнуъ эълом кард.

Ба иттилои хабаргузории Франс 24, додгоҳи исломии Фаластин ба ҳамаи қозиён эълом кардааст, дар моҳи мубораки Рамазон аз судури муҷаввизи талоқ худдорӣ кунанд .

Дар тавзеҳи далели ин дастур эълом шудааст, ки тасмимгирӣ барои ҷудоӣ дар ҳангоми гуруснагии тӯлонимуддат мумкин аст, дақиқ набошад ва дар оянда боиси пушаймонӣ шавад .

Қозӣ Маҳмуд Ҳабаш гуфтааст, таҷрубиёти солҳои гузашта нишон медиҳад, ки беҳтар аст, дар моҳи Рамазон талоқе сурат нагирад .