Май 29, 2017 21:25 Asia/Dushanbe
  • Хашми саудиҳо аз тамоси амири Қатар бо Рӯҳонӣ

Тамоси амири Қатар бо Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ва табрик ба ӯ, хашми Арабистонро барангехтааст.

Тамоси амири Қатар бо Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ва табрик ба ӯ, хашми Арабистонро барангехтааст .

Ба иттилои Ирно, амири Қатар, ки изҳороти ахири мансуб ба ӯ алайҳи сиёсатҳои минтақаии Арабистони Саудӣ бо вокуниши шадиди расонаҳои гурӯҳӣ ва мақомоти Саудӣ ҳамроҳ шуда буд, дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон пирӯзӣ ӯро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ табрик гуфт ва бар хашми саудиҳо афзуд .

Шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар дар ин тамоси телефонӣ бо табрики пирӯзии Рӯҳонӣ ва фаро расидани моҳи мубораки Рамазон таъкид кард, равобити Қатар бо ҷумҳурии исломии Эрон, дерина, торихӣ ва мустаҳкам аст ва Давҳа хоҳони тақвияти беш аз пеши ин равобит аст .

Як рӯз пас аз сафари Доналд Трамп ба Риёз, ба нақл аз амири Қатар эълом шуд, ки вай Эронро кишвари боаҳаммияти минтақа дониста ва ташдиди ихтилофот бо Эронро дур аз ҳикмат ва тадбир хонда буд .

Ин суханон бо вокуниши тунди расонаҳои Саудӣ ва бархе кишварҳои минтақа мувоҷеҳ шуд ба тавре, ки хабаргузории Қатар пас аз чанд соат эълом кард, торнамояш ҳак шудааст, аммо кишварҳое чун Арабистон, Баҳрайн ва Иморот ин тавҷеҳро напазируфтанд ва ба интиқоди шадид аз Қатар идома доданд.

Рӯзномаи саудии Укоз низ дар саҳифаи корбариаш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер дар вокуниш ба тамоси телефонии амири Қатар бо раисҷумҳури Эрон навишт, ки тамоси Тамим бо Рӯҳонӣ бозии “такзиби изҳорот”-и ӯро бармало кард .

 

Барчасп