Оли Сауд алайҳи ғайринизомиён дар Қатиф аз паҳпод истифода кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i18120-Оли_Сауд_алайҳи_ғайринизомиён_дар_Қатиф_аз_паҳпод_истифода_кард
Манобеи хабарӣ шомгоҳи панҷшанбе эълом карданд, Арабистон аз паҳпод барои ҳамла ба ғайринизомиён дар бозори «Миёс», маркази Қатиф, шарқи Арабистон истифода кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 02, 2017 16:29 Asia/Dushanbe
  •  Оли Сауд алайҳи ғайринизомиён дар Қатиф аз паҳпод истифода кард

Манобеи хабарӣ шомгоҳи панҷшанбе эълом карданд, Арабистон аз паҳпод барои ҳамла ба ғайринизомиён дар бозори «Миёс», маркази Қатиф, шарқи Арабистон истифода кардааст.

Ба гузориш “Пресс” ТВ, дар ҳамлаи низомиёни Оли Сауд ба мардуми шианишини қатиф ду нафар, Фозил оли Ҳамода ва Муҳаммад оли Суваймал кушта шуданд.

Низомиёни Саудӣ аз моҳи майи имсол ба минтақаи шианишини ал-Авомияи вилояти аш-Шарқияи Арабистон ҳамла карданд. Баҳонаи низомиён он буд, ки ин манотиқ маркази шаклгирии эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аст. Ҳамалоти низомиёни Оли Сауд ба самти муътаризон дар шарқи Арабистон ба кушта ва захмӣ шудани шуморе аз шаҳрвандон, аз ҷумла донишомӯзон ва теъдоде аз сокинони минтақаи ал-Авомия мунҷар шудааст.