Июн 05, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Қатар ба иқдоми чаҳор кишвари арабӣ

Вазорати умури хориҷаи Қатар дар вокуниш ба тасмими Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср барои қатъи равобит бо Давҳа эълом кард, ин тасмим ҳаргиз бар раванди табиии зиндагии шаҳрвандон ва афроди муқим дар Қатар таъсире нахоҳад дошт.

Вазорати умури хориҷаи Қатар дар баёнияе ҳамчунин аз тасмими Арабистон, Иморот ва Баҳрайн дар қатъи равобит бо Қатар ибрози таассуфу таъкид кард, чунин тадобире ғайри қобили тавҷеҳ буда ва иддаоҳое, ки боиси гирифтани ин тасмим шуд, беасосу нодуруст аст.

Вазорати хориҷаи Қатар эълом кард, ҳадаф аз тасмими Арабистон, Баҳрайн ва Иморот барои қатъи равобит бо Давҳа, ки бо ҳамоҳангии Миср анҷом шуда, талош барои васоят бар Қатар аст .

Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Иморот ва Миср ҳамзамон бо қатъи равобити дипломатӣ бо Қатар, сафарҳои ҳавоӣ ва дарёӣ ба ин кишварро ҳам таълиқ ва гузаргоҳҳои заминӣ ба Қатарро бастанд.

Ҳамзамон бо қатъи равобити Риёз бо Давҳа, фармондеҳии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба Яман аз поёни мушорикати Қатар дар ин эътилоф ба иллати ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Яман аз ҷумла Алқоида ва ДИИШ ва низ фитнаангезӣ дар минтақаи Ховари Миёна хабар дод .

Ихтилофоти байни аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс пас аз сафари раисҷумҳури Амрико ба минтақаи Ховари Миёна шиддат ёфтааст .

Доналд Трамп ахиран ба Риёз, пойтахти Арабистон сафар кард ва дар нишасти арабӣ- амрикоӣ дар ин кишвар талош кард, ҷибҳаи ҷадиде зидди Эрон эҷод кунад, аммо ихтилофи кишварҳои арабӣ нишон дод, шикофи байни онон амиқ аст .

Барчасп