Кишварҳои африқоӣ ҳам бо Қатар қатъи робита карданд
(last modified Thu, 08 Jun 2017 08:56:29 GMT )
Июн 08, 2017 13:56 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои африқоӣ ҳам бо Қатар қатъи робита карданд

Дар пайи қатъи равобити дипломатии Арабистон ва бархе кишварҳои арабӣ бо Қатар, шуморе аз кишварҳои африқоӣ низ равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд.

Ба гузориши радиои байналмилалии Фаронса, дар пайи эъломи қатъи равобити дипломатии Арабистони Саудӣ, Иморот, Баҳрайн, Миср ва Либия бо Қатар кишвари африқоии Комор низ аз тасмими худ барои қатъи равобити дипломатӣ бо Қатар хабар дод.

Ҳамчунин Сенегал ба унвони ҳампаймони Арабистони Саудӣ, сафири худро аз Қатар фаро хонд ва Мавритания низ рӯзи гузашта равобити худро бо Қатар қатъ кард.

Кишвари Ҷибути низ ҳузури дипломатии худро дар Доҳа коҳиш дод ва давлати Габон ҳам дар баёнияе Қатарро ба пайравӣ аз қавонини байналмилалӣ дар муборза бо терроризм даъват кард.

Давлати Қатар эълом кардааст, Арабистон ва бархе кишварҳои арабии дигар бо иқдомоти худ дар талош ҳастанд Қатарро таҳти итоати худ дароваранд, ки ин амр нақзи ошкори ҳокимияти Қатар аст ва ҳаргиз мавриди қабули давлати Доҳа воқеъ нахоҳад шуд.

Таниш байни бархе аз кишварҳои арабӣ бо Қатар пас аз сафари Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба Арабистон дар авохири моҳи май оғоз шуд.