Мансур Ҳодӣ ҷазираи яманиро ба Иморот фурӯхт
Асноди мунташир шуда аз сӯи Вазорати додгустарии вобаста ба давлати мустаъфии Яман фош кард, Мансур Ҳодӣ- раисиҷумҳури мустаъфии ин кишвар бахши бузурге аз хоки яке аз ҷазоири яманиро ба Бунёди Имороти Халифа фурӯхтааст.
Ҳамзамон бо таҷовузи Арабистон ба Яман, Иморот низ ба баҳонаи мубориза бо Алқоида ба эҷоди пойгоҳи низомӣ дар ҷазираи Сокотра иқдом кардааст.
Ба гузориши шабакаи Алолам, шабакаи "Билқис", вобаста ба мутаҷовизони Саудӣ бо истинод ба асноде эълом кард, устондори мунтасаб ба Ҳодӣ, бахши густурдае аз арозии ҷазираи Сокотра дар минтақаи Даксимро ба намояндаи Бунёди Халфон ибн Муборак Ал Вазруъӣ фурӯхта ва аз се моҳ пеш токунун тавассути Иморот ишғол шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Иморот мекӯшад аз тариқи намояндагони мустақари худ дар ҷазираи Сокотра ва пардохт ришва, ҳимояти бисёре аз мақомҳои маҳаллӣ ва шайхҳои қабоилро ба даст оварад.
Ҷазираи Сокотра, ки яке аз бузургтарин ҷазоири Яман дар Уқёнуси Ҳинд аст, дар наздикии Халиҷи Адан қарор дорад, ки давлати мустаъфии Яман, соли 2014 ҷазоири Сокотра ва Абдулкуриро ба муддати 99 сол ба Иморот вогузар кардааст.