Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳомии гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақа
(last modified Sat, 10 Jun 2017 14:14:12 GMT )
Июн 10, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳомии гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақа

Дабири кулли Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон бо маҳкум кардани инфиҷори террористии Карбало, Амрико ва режими саҳюнистиро ҳомии гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақа донист.

Ба гузориши канали радио ва телевизиони “Урду саҳар”, Алома Раҷа Носир Аббос Ҷаъфарӣ, дабири кулли Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон, рӯзи шанбе дар вокуниш ба инфиҷорҳои террористи иахир дар шаҳри Карбало ва устони Бобили Ироқ гуфт, Амрико ва режими саҳюнистӣ аз ҷиноёти гурӯҳи террористи ДИИШ ҳимоят мекунанд ва аз онҳо барои барҳам задани авзои кишварҳои исломӣ истифода мекунанд.

Вай афзуд, кишварҳо ва касоне, ки дар қиболи амалиёти террористии ДИИШ ва куштори мардуми бегуноҳ сукут кардаанд, бояд бидонанд, ки як рӯз ин оташ домангири онон хоҳад шуд.

Инфиҷорҳои террористии рӯзи ҷумъа дар устони Бобил ва Карбалои Ироқ, мунҷар ба кушта шудани дастикам 30 ироқӣ ва захмӣ шудани 48 нафари дигар шудааст.

Террористҳои ДИИШ пас аз таҳаммули шикастҳои пай дар пай дар муқобили неруҳои ироқӣ бавижа дар устони шимоли Найнаво, ба куштори ғайринизомиён дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Бағдод рӯй овардаанд.