Махфигоҳи Абубакри Бағдодӣ шиносоӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i18590-Махфигоҳи_Абубакри_Бағдодӣ_шиносоӣ_шуд
Вазири собиқи ҳамлу нақли Ироқ хабари кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, саркардаи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Раққаи Сурияро такзиб кард ва аз шиносоии махфигоҳи ӯ дар Ироқ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 12, 2017 14:07 Asia/Dushanbe
  • Махфигоҳи Абубакри Бағдодӣ шиносоӣ шуд

Вазири собиқи ҳамлу нақли Ироқ хабари кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, саркардаи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Раққаи Сурияро такзиб кард ва аз шиносоии махфигоҳи ӯ дар Ироқ хабар дод.

Боқир Алзубайдӣ, вазири ҳамлу нақли собиқи Ироқ, хабари рӯзномаи Дейли Майли Англия ба нақл аз расонаҳои сурӣ дар хусуси кушта шудани Бағдодӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳри Раққаи Сурияро такзиб карду гуфт: Ҳамонтавр, ки қаблан таъкид кардаем, Бағдодӣ ҳамакнун дар дашти Ироқ дар атрофи шаҳри марзии Қоим дар махфигоҳҳо ва тунелҳои зери заминии мустаҳкаме пинҳон шуда, ки дар соли 2013 бино шудааст .

Рӯзномаи Дейли Миррор шанбеи гузашта аз кушта шудани Абубакри Бағдодӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар Сурия хабар дод .

Нерӯҳои ироқӣ бо идомаи пешравӣ дар Мусил, ин рӯзҳо масҷиди аслии шаҳри Мусилро, ки Абубакри Бағдодӣ соли 2014 дар он хилофаташро эълом кард, таҳти муҳосира доранд .

Пеш аз ин низ борҳо хабарҳое дар хусуси маҷруҳ шудан ва ё марги Абубакри Бағдодӣ мунташир шуда буд .