Июн 17, 2017 18:38 Asia/Dushanbe
  • Дархости Қатар аз Созмони милал барои поёни муҳосираи кишвараш

Раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар дар мақарри Созмони милал дар Женева, аз ин созмон хост, барои поёни муҳосираи ин кишвар аз сӯи Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср вориди амал шавад.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср панҷуми июни 2017 равобити худро бо Қатар қатъ карданд. Кишварҳои Арабистон, Иморот ва Баҳрайн ҳамзамон марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро бар рӯи Қатар бастанд.  

Ба гузориши шабакаи телевизионии лубнонии Алмаёдин, Алӣ ибни Замих Алмарӣ, раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар дар нишасти хабарӣ дар Женева афзуд: Агар муҳосираи Қатар поён наёбад, Давҳа мумкин аст, як дафтари ваколати байналмилалиро маъмури дархости дарёфти ғаромат кунад ва ба ниҳодҳои байналмилалӣ барои поёни он мутавассил шавад .

Ба гуфтаи таҳлилгарон, мутавассил шудани Қатар ба Созмони милал барои шикоят аз муҳосираи ин кишвар аз сӯи ҳамсоягонаш, ба маънои он аст, ки Давҳа тасмим гирифтааст, дар муқобила бо Арабистон ба таври тадриҷӣ мавзеи сарсахтонатаре иттихоз кунад .

Хабари дигар инки, рӯзномаи Алшарқ, чопи Қатар ба қалами Файсал Қосим навишт, амрикои‌ҳо, арабҳоро ба ҷони ҳам меандозанд, то сарватҳояшонро ғорат кунанд .

Самӣ Колейб, мақоланависи лубнонӣ ҳам навиштааст, Амрико аз чанд даҳаи пеш ба дунболи роҳандозии ҷанг миёни арабҳо ва андохтани онон ба ҷони якдигар буда ва ҳадафаш аз ин иқдом, фароҳам кардани замина барои ғорати сарватҳои минтақа ба баҳонаи мудохила барои ҳалли муноқишот ва барқарории амният ва субот будааст .

 

Барчасп