Арабистон гузаргоҳи марзии Салваро бар рӯи қатариҳо баст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i18916-Арабистон_гузаргоҳи_марзии_Салваро_бар_рӯи_қатариҳо_баст
Пас аз поёни муҳлати 14 рӯзаи Арабистон ба атбои Қатар барои тарки хоки Арабистон, Риёз гузаргоҳи марзии Салва, танҳо роҳи иртиботии заминии Давҳа бо ҷаҳонро ба рӯи қатариҳо баст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 19, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Арабистон гузаргоҳи марзии Салваро бар рӯи қатариҳо баст

Пас аз поёни муҳлати 14 рӯзаи Арабистон ба атбои Қатар барои тарки хоки Арабистон, Риёз гузаргоҳи марзии Салва, танҳо роҳи иртиботии заминии Давҳа бо ҷаҳонро ба рӯи қатариҳо баст.

Рӯзномаи Алҳаёти Арабистон дар шумораи имрӯз бо эъломи ин хабар навишт, гузаргоҳи марзии Салва дар соли ҷорӣ шоҳиди тараддуди 37 ҳазору 267 мусофир будааст .

Арабистон баъд аз қатъи равобити худ бо Қатар ба атбои ин кишвар фурсат дод, таи 14 рӯз хоки Арабистонро тарк кунанд .

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср панҷуми июн равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд. Ин кишварҳо, иллати қатъи равобити худ бо Қатарро ҳимояти ин кишвар аз терроризм эълом карданд.

Буҳрон дар равобити Қатар ва чанд кишвари арабӣ замоне оғоз шуд, ки Арабистон ба ҳамроҳи Иморот, Баҳрайн ва Миср, бо иддаои ҳимояти Қатар аз терроризм ва ифротгароӣ ва дахолат дар умури дохилии дигар кишварҳо, равобити сиёсӣ ва дипломатии худро бо Давҳа қатъ карданд .