Эрдуғон дар ҳангоми иқомаи намози иди Фитр аз ҳуш рафт
(last modified Sun, 25 Jun 2017 10:56:11 GMT )
Июн 25, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон дар ҳангоми иқомаи намози иди Фитр аз ҳуш рафт

Раисҷумҳури Туркия дар ҳангоми иқомаи намози иди Саиди Фитр ба далели фишори хуни болои ношӣ аз бемории диабет аз ҳуш рафт.

Ба гузориши рӯзномаи Ҳурриет, пас аз беҳуш шудани Раҷаб Тайиб Эрдуғон, муҳофизонаш ба суръат ба самти вай ҳуҷум бурданд ва пизишкон низ вориди масҷид шуданд, аммо ба хабарнигорон иҷозаи наздик шудан ва вуруд ба масҷид дода нашуд .

Эрдуғон баъд аз баргузории намоз бо хабарнигорон дидор карду гуфт: Шароити ҷисмониам ба далели фишори хуни муртабит бо бемории диабет, дучори мушкил шудааст .