Июн 29, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳолати фавқуллода дар Яман дар пайи густариши вабо

Дар панҷ вилояти Абян, Адан, Лиҳач, Золиъ ва Шабва дар Яман ҳолати фавқуллода барои муқобила бо вабо эълом шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, ин тасмим дар шароите рӯйи даст гирифта шуда, ки ЮНИСЕФ эълом кардааст, шумори қурбониёни вабо дар Яман ба ҳазору 300 тан расида, ки як чаҳоруми онон кӯдак ҳастанд.

Бар асоси эъломи ин созмон, вабо дар бештари вилоятҳои Яман густариш ёфтааст.

Мишели Рилано, намояндаи ЮНИСЕФ дар Яман низ дар бораи фаротар рафтани шумори мубталоён ба вабо аз 300 ҳазор нафар то моҳи оянда ибрози нигаронӣ кардааст.

Бар асоси гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вилояти Ҳаҷҷа, дар шимоли ғарби Яман аз назари теъдоди қурбониёни вабо дар садр қарор дорад ва пас аз он вилоятҳои Ибб ва Ҳудайда ҷой доранд.

Ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман ва ҳамчунин даргирии нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумӣ бо муздурони мавриди ҳимояти Арабистон, кори муқобила бо бемориро душвор кардааст.

 

Барчасп