Июл 07, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • ВУХ-и Қатар: Истиқлоли Қатар “хати сурх”-и мост

Вазири умури хориҷии Қатар эълом кард, муҳосираи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии таҳмилшуда бар Қатар як иқдоми хасмона ва тавҳин ба як кишвари мустақили дорои тамомияти арзӣ аст.

Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони амрикоии CNN таъкид кард, Доҳа ҳеҷ як аз хостаҳои чаҳор кишвари таҳримкунандаи Қатрро, ки истиқлоли ин кишварро хадшадор мекунад, мавриди баррасӣ қарор нахоҳад дод, зеро истиқлоли Қатар “хати сурх” аст. Вазири умури хориҷи Қатар тасреҳ кард, бархе аз хостаҳои ироашуда ба Ҳукумати Қатар, аз ҷумла эҷоди маҳдудият дар озодии баён ва бастани марказҳои расонаӣ, берун рондани мухолифону бозгардондани онон ба кишварҳои аслияшон бо қонунҳои байналмалалӣ дар тазод аст. Вазири умури хориҷии Қатар дар бораи ҷамоати “Ихвон-ул-муслимин” низ гуфт, Миср “Ихвон-ул-муслимин”-ро як гурӯҳи террористӣ медонад, дар ҳоле ки “Ихвон-ул-муслимин” як гурӯҳи сиёсие аст, ки дар кишварҳое чун Баҳрайн низ фаъол будааст. Ӯ афзуд, бо ин ҳол, Баҳрайн худ яке аз кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар аст ва ин як навъ дугонагӣ дар меъёр ба шумор меравад.

Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн, ки панҷуми июни имсол қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом карда буданд, 23-юми июн феҳристи 13-гонае аз дархостҳоро ба Қатар таҳвил доданд ва пас аз посухи манфии Қатар эълом карданд, ки аз тадобиру тасмимоти ҷадиде зидди Доҳа кор хоҳанд гирифт.

 

Барчасп