Июл 09, 2017 14:55 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷадиди Қатар барои муқобила бо таҳримҳо

Ширкати мудирияти бандарҳои Қатар аз роҳандозии панҷ хатти дарёии мустақим дар камтар аз 20 рӯз, барои муқобила бо таҳримҳои чаҳор кишвари арабӣ хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, ширкати мудирияти бандарҳои Қатар дар баёнияе ҳадаф аз ин тасмимро тазмини таъсири напазируфтан дарёнавардии Қатар аз иқдомоти маҳдудкунандаи бархе кишварҳои ҳамсояааш эълом кардааст.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср панҷуми июн равобити худро бо Қатар ба сабаби ҳимояти ин кишвар аз терроризм қатъ карданд.

Доҳа ин иттиҳомро иддаое пуч барои зарба задан ба ҳокимияти ин кишвар донист.

Таҳрими Қатар аз сӯи чаҳор кишвари арабӣ, шомили баста шудани тамоми роҳҳои заминӣ, дарёӣ, ҳавоӣ ва манъи убур аз хок, осмон ва обҳои минтақаии ин кишварҳо аст.

 

Барчасп