Июл 09, 2017 16:50 Asia/Dushanbe
  • Масъули иморотӣ: Қатар бояд таҳти васояти байналмилалӣ бошад

Муовини раиси полиси Дубай хоҳони қарор гирифтани кишвари Қатар таҳти васояти байналмилалӣ шуд, то ба иддаои вай монеъ аз ҳимояти Давҳа аз терроризм шавад.

Ба гузориши Ирно, Заҳӣ Халфан, муовини раиси полиси Дубай дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Барои мамониат аз ҳимояти молии Давҳа аз терроризм, Қатар бояд таҳти васояти байналмилалӣ қарор гирад, то нақлу интиқоли амволи ин кишвар дар дохилу хориҷ таҳти контрол бошад .

Муовини раиси полиси Дубай ҳамчунин дар Твиттери дигаре аз мардуми Қатар хост, бо баргузории тазоҳурот Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатарро барканор кунанд .

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср панҷуми июн равобити худ бо Қатарро ба баҳонаи ҳимояти ин кишвар аз терроризм қатъ карданд, ки Давҳа онро иттиҳоме пуч барои зарба задан ба ҳокимияти ин кишвар донист.

Таҳрими Қатар аз сӯи чаҳор кишвари арабӣ, шомили баста шудани тамомии роҳҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ ва манъи убур аз хок, осмон ва обҳои минтақаии ин кишварҳо аст .

 

Барчасп