Июл 10, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • Талоши давлати Ироқ барои бозгашти оворагон ба хона‌ҳояшон

Нахуствазири Ироқ таъкид кард, давлати Ироқ тамоми талоши худро барои бозгашти ҳамаи оворагон ба хонаҳои худ ба кор мегирад.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ дар дидор бо ҳайъате аз масеҳиён дар Мусил бо ибрози умедворӣ ба бозгашти ҳамаи оворагон аз ҳар дин, мазҳаб ва қавме ба хонаҳои худ гуфт: Бояд ҳамзистии дубора байни аҳолии устони Найнаво аз сар гирифта шавад .

Алъибодӣ ҳамчунин бар ваҳдати миллати Ироқ таъкид карду афзуд: Дар вокуниш ба иқдомоту ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ бояд ҳамаи ақшор ва қавмиятҳо дар канори ҳам бо иттиҳод ва ҳамдилӣ зиндагӣ кунанд .

Ҳайдар Алъибодӣ дирӯз вориди Мусил, маркази устони Найнавои Ироқ шуд ва озодсозии комили ин шаҳрро аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ расман эълом кард.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар июни 2014 бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳое аз шимол ва ғарби ин кишварро ишғол кард .

 

 

Барчасп